Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии Мавзунахони 8- сола шинос шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шоми 5 октябр дар шаҳри Хуҷанд бо вазъи саломатии Мавзунахони 8-сола, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ ҷароҳат бардошта буд, шинос шуд, хабар доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар».
Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни табобати бемор шинос гардида, ҷиҳати расонидани хизмати саривақтӣ ба ҷабрдида ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин Вазири тандурустӣ иброз дошт, ки табобати ин бемор пурра аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба роҳ монда мешавад.
Айни замон вазъи саломатии Мавзунахони 8 -сола муътадил буда, ӯ зери назорати махсуси табибон қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 1 ба 2 октябр, тахминан соати 01:00, сокини 39-солаи шаҳри Хуҷанд Мансур Мирзоахмедов дар хонаи истиқоматиаш ба узвҳои бадани ҳамсараш- зани 32-сола ва фарзандони ноболиғаш, духтарони 8 ва 11-сола, ки дар ҷойгаҳ хоб будаанд, бо истифода аз корд якчанд маротибагӣ ба қафаси сина ва узвҳои ҳаётан муҳимашон задааст, ки дар натиҷа духтари 11-солааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастонаш зарба зада, ба худаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
Ҳамсар ва духтари 8-солаи ноболиғаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






