Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии Мавзунахони 8- сола шинос шуд

Октябрь 6, 2021 11:04

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шоми 5 октябр дар шаҳри Хуҷанд бо вазъи саломатии Мавзунахони 8-сола, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ ҷароҳат бардошта буд, шинос шуд, хабар доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ба АМИТ «Ховар».

Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни табобати бемор шинос гардида, ҷиҳати расонидани хизмати саривақтӣ ба ҷабрдида ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин Вазири тандурустӣ иброз дошт, ки табобати ин бемор пурра аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба роҳ монда мешавад.

Айни замон вазъи саломатии Мавзунахони 8 -сола муътадил буда, ӯ зери назорати махсуси табибон қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 1 ба 2 октябр, тахминан соати 01:00, сокини 39-солаи шаҳри Хуҷанд  Мансур Мирзоахмедов  дар хонаи истиқоматиаш ба узвҳои бадани ҳамсараш- зани 32-сола ва фарзандони ноболиғаш, духтарони 8 ва 11-сола, ки дар ҷойгаҳ хоб будаанд, бо истифода аз корд якчанд маротибагӣ ба қафаси сина ва узвҳои ҳаётан муҳимашон задааст, ки дар натиҷа духтари 11-солааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастонаш зарба зада, ба худаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

Ҳамсар ва духтари 8-солаи ноболиғаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Октябрь 6, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд