Ҷамолиддин Нуралиев ва Бридҷит Уокер ҳамкории Бонки миллӣ бо Сафорати Амрикоро баррасӣ намуданд

Октябрь 12, 2021 16:34

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муовини роҳбари Сафорати Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бридҷит Уокерро, ки барои анҷоми мулоқоти арзи адаб ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷамолиддин Нуралиев дипломати амрикоиро бо вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар ва низоми бонкию суғурта шинос намуда, таъкид дошт, ки дар шароити душвори рафъи пайомадҳои манфии пандемияи COVID-19, ки иқтисодиёти ҷаҳон паси сар менамояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои дурусти ҳукумати кишвар тавонист таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиётро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

«Бонки миллии Тоҷикистон ба таври фаврӣ нақшаи коҳиши таъсири пандемияи COVID-19 ба низоми бонкӣ ва суғуртаро таҳия намуда, бо ин мақсад ба ташкилоти қарзии молиявӣ якчанд имтиёзҳо фароҳам овард. Дар натиҷа, ташкилоти қарзии молиявӣ имкон пайдо карданд, ки фаъолияти муназзами худро идома дода, соли молиявиро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намоянд»,-афзуд Ҷамолиддин Нуралиев

Бридҷит Уокер зикр намуд, ки воқеан пандемияи COVID-19 ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тандурустӣ, маориф ва нақлиёти ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонид, аммо дар чунин шароити мураккаб Тоҷикистон тавонист вазъи иқтисодии кишварро муътадил нигоҳ дорад.

Дар идомаи мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев ба таҳлили низоми бонкӣ пардохта, беҳ гардидани вазъи низоми бонкӣ ва кам шудани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзиро самараи татбиқи ислоҳоти фарогир маънидод кард ва ҳавасмандии худро аз барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои хориҷӣ иброз намуд.

Бридҷит Уокер нақши Бонки миллии Тоҷикистонро дар таҳияву амалигардонии ислоҳоти низоми бонкӣ муассир арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда барои рушди низоми бонкии ду кишвар иброз дошт.

Таъкид гардид, ки ҳоло БМТ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор ва рушди бозори суғуртаи кишвар бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳамкории судманд ба роҳ мондааст ва дар оянда хостори тавсеаи ҳамкории мазкур мебошад.

Ҳамчунин дар идомаи мулоқот имконияти рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии якчанд  тадбирҳо, аз қабили фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтар гардидани идораи захираҳои байналмилалӣ ва афзудани он дар 5 соли охир махсус зикр гардид.

Бридҷит Уокер дар робита ба рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки Сафорати Амрико дар Тоҷикистон имконияти дастгирии техникии ислоҳоти ҷараёндошта ва таҳияи мукаммали заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаро баррасӣ хоҳад намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки ислоҳоти татбиқшаванда дар ояндаи дарозмуҳлат самараи худро хоҳад дод ва Сафорати Амрико барои ҳамкорӣ ҷиҳати рушди низоми бонкии Тоҷикистон омода аст.

 Аксҳо аз БМТ

Октябрь 12, 2021 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд