Ангурпарварони шаҳри Турсунзода ба Русия ва Қазоқистон 13,3 ҳазор тонна ангур содирот намудаанд

Октябрь 30, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ангурпарварони шаҳри Турсунзода дар  даҳ моҳи соли равон  ба хориҷи кишвар, асосан ба Федератсияи Русия  ва Қазоқистон   беш аз 13 ҳазор тонна навъҳои гуногуни ангур содирот намудаанд, ки  ин нишондиҳанда соли 2020 дар маҷмуъ 6016 тоннаро ташкил медод. Яъне, танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ содироти ангур аз шаҳри Турсунзода беш аз 200 фоиз афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Барои беталаф нигоҳ доштани маҳсулот, таъмини бозори истеъмолӣ ва ба содирот равона кардани маҳсулот дар шаҳри Турсунзода беш аз 40 сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 10800 тонна мавҷуд аст. Соли равон дар натиҷаи риояи талаботи агротехникии парвариши маҳсулот ва мусоид омадани обу ҳаво токзори шаҳри Турсунзода ҳосили хуб дод. Ҳоло дар токзор ва сардхонаҳо ҳосили ангур фаровон аст. Кишоварзон ният доранд, ки то охири соли равон содироти ангурро то ба 20 000 тонна расонида,  барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти афзоиши маҳсулоти содиротӣ саҳми муносиб гузоранд.

Дар парвариш ва содироти ангури хушсифат хоҷагиҳои соҳибтаҷриба ва пешқадами шаҳр, назири «Боғи Сомон» , «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» саҳми бештар дошта, дар майдони токзори ин хоҷагиҳо беш аз 10 навъи ангур павариш меёбад, ки дар бозори истеъмолӣ  рақобатпазир буда,  ба содирот нигаронида шудаанд. Кишоварзони шаҳри Турсунзода  заминҳои корам ва майдони боғу токзорро самаранок истифода бурда,  дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

  Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»