Аз 8 то 11 октябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад

Октябрь 7, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 8 то 11 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамол дар як сония то 7-12 метр мевазад ва бориши  борон дар водиҳою баландкӯҳҳо  ба барф табдил меёбад. Инчунин дар ноҳияҳои кӯҳӣ туман мефарояд, иттилоъ доданд аз  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи кишоварзоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, мерасонад, ки сардиҳои аввал метавонанд ба заминҳои кишоварзӣ зарар расонанд. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки ҳосили пухтаро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд. Инчунин ҳосили норасидаро бо плёнка, алаф ё ягон чизи дигар бипӯшонанд.

Ба диққати чорводорон расонида мешавад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.

Аз ронандагон даъват карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон суръат ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд, чунки дар ин рӯзҳо эҳтимоли сангрезӣ низ зиёд аст.

АКС аз манбаи боз

Октябрь 7, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд