Аз 8 то 12 ноябр даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 12 ноябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», ки ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, доир мегардад, хабар доданд аз Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар».
«Маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмуни мазкур 16 ноябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муқаррар гардидааст. Аз довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» дархост карда мешавад, ки 7 ноябри соли равон, соати 14:00 дар театри мазкур аз қайд гузаранд, -афзуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки баргузории озмуни мазкур тибқи Низомнома ҷараён гирифта, ҳайати ҳакамон аз масъулони бахши фарҳанг ва фарҳангшиносони вилояту ноҳияҳо иборат мебошад. Дар озмуни имсола аз рӯйи раддабандии синнусолӣ (барои иштирокчиёни гурӯҳи касбӣ) ба таври зайл тақсим гардидааст: аз 12 то 17- сола ва аз 18 то 40-сола. Аз ин рӯ ҳайати ҳакамон низ ба ду гурӯҳ ҷудо гардидаанд.
Бояд гуфт, ки даври аввали озмуни мазкур аз 17 май дар 25 шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардиданд. Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз 26 то 31 июли соли равон дар вилояти Хатлон, аз 27 то 31 июли соли равон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз 2 то 6 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз 3 то 5 августи соли равон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияҳои водии Рашт то шаҳри Роғун), аз 9 то 12 августи соли равон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (аз ноҳияи Файзобод то шаҳри Турсунзода) баргузор шуданд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври якум ва дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор гардидааст.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.
Хотиррасон мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соли сеюм аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад. Дар ин сол барои баргузории озмуни мазкур 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






