Аз 8 то 12 ноябр даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» доир мешавад

Октябрь 26, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 12 ноябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», ки   ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст,  доир мегардад, хабар доданд аз Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар».

«Маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмуни мазкур  16 ноябри соли равон  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муқаррар гардидааст. Аз довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» дархост карда мешавад, ки 7 ноябри соли равон, соати 14:00 дар театри мазкур  аз қайд гузаранд, -афзуд манбаъ.

Мавриди  зикр аст, ки баргузории озмуни мазкур тибқи Низомнома ҷараён гирифта, ҳайати ҳакамон аз масъулони бахши фарҳанг ва фарҳангшиносони вилояту ноҳияҳо иборат мебошад. Дар озмуни имсола аз рӯйи раддабандии синнусолӣ (барои иштирокчиёни гурӯҳи касбӣ) ба таври зайл тақсим гардидааст:  аз 12 то 17- сола ва   аз 18 то 40-сола. Аз ин рӯ ҳайати  ҳакамон низ ба ду гурӯҳ ҷудо гардидаанд.

Бояд гуфт, ки даври аввали озмуни мазкур аз 17 май дар 25 шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардиданд. Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз 26 то 31 июли соли равон дар вилояти Хатлон,  аз 27 то 31 июли соли равон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз 2 то 6 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз 3 то 5 августи соли равон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияҳои водии Рашт то шаҳри Роғун), аз 9 то 12 августи соли равон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (аз ноҳияи Файзобод то шаҳри Турсунзода) баргузор  шуданд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври якум ва дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур  дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соли сеюм аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад. Дар ин сол барои баргузории озмуни мазкур 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.

Октябрь 26, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон