Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор натиҷагирӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар 9 моҳи соли равон ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли равон дар маҷлиси ҷамъбастие, ки бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир гардид, баррасӣ шуданд.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷлис муовини якуми Раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода бо ёдоварӣ аз сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор ва ифтитоҳи чандин иншооти ҳаётан муҳими таъйиноташон гуногун бо иштироки меҳмонони олиқадр ва оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар 9 моҳи соли 2021 ҳисобот дод. Мавсуф дастовардҳо, мушкилот ва бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, натиҷаҳои онро назаррас арзёбӣ намуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ҷараёни сафарбарии ҷавонон ба даъвати тирамоҳии ҳарбӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, ҷамъоварии андоз ва пардохти музди меҳнат, истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ, фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин оид ба рафъи камбудию мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.
Дар анҷоми ҷаласа муовини якуми Раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториёнро бовар кунонд, ки сокинонишаҳри Ҳисор аз эродҳо хулосаи даркорӣ бароварда, дучанд фаъолият мекунанд ва баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегиву барномавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста бо истифода аз донишу таҷриба бо меҳнати содиқона саҳми муносиб мегузоранд.
АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






