БОЗЁФТИ НОДИР. Аз шаҳри Душанбе 6-умин табар-тешаи биринҷӣ дар Тоҷикистон ёфт шуд

Октябрь 5, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сокини шаҳри Душанбе Турсунмурод Холбердиев  30 сентябр бо як бозёфти тасодуфии худ – табар-тешаи биринҷӣ ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муроҷиат намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Ба гуфти Турсунмурод Холбердиев, ӯ табар-тешаро соли 2020 тасодуфан аз ҳудуди заминҳои дар шафати Институти геологияи АМИТ ҷойгирбуда пайдо намудааст.

Табар-теша  олоти биринҷӣ буда, як тарафи он ба шакли табар ва тарафи дигар ба шакли теша сохта шудааст. Дар фасли буриш тарафи пеш ба таври возеҳ каҷ аст ва тарафи қафо ҳамвор буда, бо канори барҷастааш ба назар каҷ метобад.

Вазни табар-теша 1200 грамм, дарозиаш 13,8 см, бараш 6,8 см, паҳнои дами он 7 см, паҳнои паҳлӯи пеш бо сӯрохӣ 7 см ва диаметри сӯрохии он 3,2 см мебошад.


То имрӯз аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 табари биринҷӣ ёфт шудаанд. Табар-тешаи шаҳри Душанбе бештар ба табар-тешаи аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ёфтшуда шабоҳат дорад.

Ба тахмини бостоншиносон, табар-тешаи аз Душанбе ёфтшуда ба охири ҳазорсолаи III–аввали ҳазорсолаи II то милод мансубият дорад, яъне синни он тақрибан ба 4500-4600 сол баробар буда, барои баҳои таърихӣ додан ба таърихи шаҳри Душанбе далели хеле муътамад мебошад. Қаблан чунин бозёфт дар шаҳри Душанбе пайдо нашуда буд.  Барои дарёфти маълумоти пурратар ва амиқ ташхиси озмоишгоҳӣ ва муқоисавӣ бо дигар бозёфтҳои монанд зарур аст.

Бостоншиносон, роҳбарияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш бо роҳбарии президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ тибқи нишондоди шаҳрванд Турсунмурод Холбердиев аз ҷои пайдокардаи табари биринҷӣ дидан намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки дар ин ҳудуд ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шавад.

 

АКСҲО аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 5, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ