Бунёди бузургтарин иншооти инфрасохторӣ бо ҷалби доираҳои соҳибкории Чин дар Тоҷикистон неруи тоза мегирад
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИМ ҲХДТ) вохӯрии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ Чэн Дайвэн баргузор гардид.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва таблиғоти дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва роҳбари маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён иштирок намуданд.
Абдуҷаббор Азизӣ оид ба раванди бузурги бунёдкорию созандагӣ дар кишвар ва иштироки ширкатҳои чинӣ дар ин марҳилаи тақдирсоз маълумот дод. Гуфта шуд, ки имсол барои кишварҳои мо соли махсус маҳсуб мешавад — истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин.
«Барои мо мояи ифтихору сарфарозист, ки Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин шуда, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Си Ҷинпинро ба муносибати 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин табрик намуданд», — гуфт Чэн Дайвэн.
Дар ҷараёни вохўрӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои муносиб дода шуд. Таъкид гардид, ки бунёди бузургтарин иншооти инфрасохторӣ ва рушди онҳо бо ҷалби доираҳои соҳибкории Чин дар мамлакат неруи тоза мегирад.
Дар мулоқот ба нигоҳ доштани тамоси доимӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, терроризму экстремизм, риояи ҳуқуқи инсон, вазъият дар кишварҳои минтақа ва зарурати тақвият бахшидани ҳамкорӣ ишора карда шуд.
Ҳамзамон зимни суҳбат ба ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин баҳои муносиб дода шуда, дурнамои ҳамкории байниҳизбӣ баррасӣ гардид.
АКСҲО аз Маркази матбуот ва таблиғоти дастгоҳи КИМ ҲХДТ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






