Бунёди бузургтарин иншооти инфрасохторӣ бо ҷалби доираҳои соҳибкории Чин дар Тоҷикистон неруи тоза мегирад

Октябрь 21, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИМ ҲХДТ) вохӯрии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ Чэн Дайвэн баргузор гардид.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва таблиғоти дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва роҳбари маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён иштирок намуданд.

Абдуҷаббор Азизӣ оид ба раванди бузурги бунёдкорию созандагӣ дар кишвар ва иштироки ширкатҳои чинӣ дар ин марҳилаи тақдирсоз маълумот дод. Гуфта шуд, ки имсол барои кишварҳои мо соли махсус маҳсуб мешавад — истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин.

«Барои мо мояи ифтихору сарфарозист, ки Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин шуда, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Си Ҷинпинро ба муносибати 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин табрик намуданд», — гуфт Чэн Дайвэн.

Дар ҷараёни вохўрӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои муносиб дода шуд. Таъкид гардид, ки бунёди бузургтарин иншооти инфрасохторӣ ва рушди онҳо бо ҷалби доираҳои соҳибкории Чин дар мамлакат неруи тоза мегирад.

Дар мулоқот ба нигоҳ доштани тамоси доимӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, терроризму экстремизм, риояи ҳуқуқи инсон, вазъият дар кишварҳои минтақа ва зарурати тақвият бахшидани ҳамкорӣ ишора карда шуд.

Ҳамзамон зимни суҳбат ба ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин баҳои муносиб дода шуда, дурнамои ҳамкории байниҳизбӣ баррасӣ гардид.

АКСҲО аз Маркази матбуот ва таблиғоти дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Октябрь 21, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд