Бунёди гармхонаҳо дар Бадахшон ба таъмини бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва коҳиши нарх мусоидат мекунад

Октябрь 17, 2021 09:00

ХОРУҒ, 17.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавсими имсола сарфи назар аз шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10 ҳазору  675 гектар  кишти зироат ба роҳ монда,  ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Давоми нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 5 ҳазор тонна ғалладонагиҳо,  14 ҳазору 192 тонна картошка, 6871 тонна сабзавот ва   6 ҳазору 407 тонна  меваро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ду соли охир  бамаротиб бештар мебошад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Аз 10 ҳазору  675 гектар  майдони  кишти зироати кишоварзӣ 2 ҳазору 284 гектарро  заминҳои наздиҳавлигии сокинони  вилоят ташкил медиҳанд, ки дар гардиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ қарор дошта, аз ҳисоби онҳо низ соли равон маҳсулоти фаровон ба даст оварда шуд.

Фарорасии ҳавои сард хоҷагиҳои деҳқонии вилоятро водор намуд, ки ба ҷамъоварии ҳосили дастранҷи худ оғоз намоянд. Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Адуласан Мамадасанов гуфт, ки «сокинон ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигиро самаранок истифода бурда, барои фасли зимистон сабзавоту меваҷоти кофӣ захира мекунанд ва дар баробари ин ҳосили боқимондаро дар бозорҳои шаҳр ба фурӯш мегузоранд. Сокинони ноҳияҳои поёнии вилоят аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ  ду ва ё се бор ҳосил ба даст оварда, ба ин восита ба нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар дӯкону бозорҳои ҳудуди вилоят мусоидат менамоянд».

Ба гуфтаи сардори Раёсати кишоварзии вилоят, яке аз дигар роҳҳои зиёд гардидани маҳсулоти кишоварзӣ- ин бунёди  гармхонаҳо  ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар масоҳати 1,19 гектар 114  гармхонаи мавсимӣ ва гармхонаи доимамалкунанда  мавҷуд аст. Мутобиқи  омори расмии раёсати кишоварзии вилоят, соли равон  аз ҳисоби гармхонаҳо 25 тонна сабзавот ба фурӯш бароварда шуд.

Бо мақсади бештар таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти  кишоварзӣ    дар гармхонаҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шуда, тухмии киштшуда  нашъунамои хуб дорад.

   АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Октябрь 17, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд