Бунёди гармхонаҳо дар Бадахшон ба таъмини бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва коҳиши нарх мусоидат мекунад
ХОРУҒ, 17.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавсими имсола сарфи назар аз шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10 ҳазору 675 гектар кишти зироат ба роҳ монда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Давоми нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 5 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 14 ҳазору 192 тонна картошка, 6871 тонна сабзавот ва 6 ҳазору 407 тонна меваро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ду соли охир бамаротиб бештар мебошад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Аз 10 ҳазору 675 гектар майдони кишти зироати кишоварзӣ 2 ҳазору 284 гектарро заминҳои наздиҳавлигии сокинони вилоят ташкил медиҳанд, ки дар гардиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ қарор дошта, аз ҳисоби онҳо низ соли равон маҳсулоти фаровон ба даст оварда шуд.
Фарорасии ҳавои сард хоҷагиҳои деҳқонии вилоятро водор намуд, ки ба ҷамъоварии ҳосили дастранҷи худ оғоз намоянд. Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Адуласан Мамадасанов гуфт, ки «сокинон ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигиро самаранок истифода бурда, барои фасли зимистон сабзавоту меваҷоти кофӣ захира мекунанд ва дар баробари ин ҳосили боқимондаро дар бозорҳои шаҳр ба фурӯш мегузоранд. Сокинони ноҳияҳои поёнии вилоят аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ ду ва ё се бор ҳосил ба даст оварда, ба ин восита ба нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар дӯкону бозорҳои ҳудуди вилоят мусоидат менамоянд».
Ба гуфтаи сардори Раёсати кишоварзии вилоят, яке аз дигар роҳҳои зиёд гардидани маҳсулоти кишоварзӣ- ин бунёди гармхонаҳо ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар масоҳати 1,19 гектар 114 гармхонаи мавсимӣ ва гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст. Мутобиқи омори расмии раёсати кишоварзии вилоят, соли равон аз ҳисоби гармхонаҳо 25 тонна сабзавот ба фурӯш бароварда шуд.
Бо мақсади бештар таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шуда, тухмии киштшуда нашъунамои хуб дорад.
АКСҲО: АМИТ “Ховар”








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






