ЧИН ҲАМКОРИРО БО ТОҶИКИСТОН ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Форуми махсус оид ба рушди муносибатҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба густариши ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа равона шудааст

Октябрь 21, 2021 12:54

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин натиҷаҳои ҳаштумин Форуми ҳамкории Чину Осиёи Марказиро, ки гузашт,  ҷамъбаст карданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Global Times хабар додааст.

 Мавзӯи асосии форум рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Форум дар якҷоягӣ бо Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.

 Дабири кулли СҲШ Владимир Норов зикр кард, ки чунин мулоқотҳо ба таҳкими ҳамкории сиёсӣ, инчунин муносибатҳо миёни ҳама ҷонибҳо дар таъмини амнияти минтақавӣ ва вокуниш ба чолишҳою таҳдидҳо мусоидат мекунад.

 «Дар чунин шароит ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ яке аз афзалият боқӣ мемонад. Мо пешниҳод мекунем, ки ҳифзи муҳити зист ба яке аз масъалаҳои асосии рӯзнома табдил дода шавад. Мо дар таҳияи рӯзномаи рушди устувори ҷаҳонӣ барои давраи то соли 2030 фаъолона ширкат меварзем ва ният дорем, ки то соли 2060 ба бетарафии карбон ноил шавем ”, — гуфт муовини аввали Сарвазири Қазоқистон Алихан Смаилов.

 Сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода иброз дошт, ки сарфи назар аз чолишҳои гуногуни давраи нав, иқтисоди Чин рӯ ба афзоиш дорад, ки ба сохтмони муштараки Роҳи абрешими аз лиҳози экологӣ тоза ва рақамӣ таъсири мусбат мерасонад. Сармоягузории Чин ва тиҷорати дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли бист сол пай дар пай афзоиш ёфт.

 Соли 2020 ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими Чин ба панҷ кишвари минтақа тақрибан 15 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. “Марҳилаи нав дар рушди “Як камарбанд ва як роҳ»  метавонад нуқтаи «ҳамоҳангсозии барномаҳои рушди Чин бо стратегияҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад», — афзуд Зоҳир Саидзода.

 ДАР АКСИ БОЛО: Сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода ва Дабири кулли СҲШ Владимир Норов. АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин / АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2021 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба соҳибкорон беш аз 6,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд
Масоили таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма дар Тоҷикистон баррасӣ гардид