Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 800 миллион юани чинӣ кумаки бебозгашт пешниҳод намудааст
ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Созишномаи мазкур бо сафарбаркунонии ҳайати коршиносони чинӣ ҷиҳати омодасозии лоиҳаи Асосноккунии техникӣ—иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳоди кумаки бебозгаштро дар ҳаҷми ҳаштсад миллион юани чинӣ (800 000 000) пешбинӣ намудааст, хабар доданд аз Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо намудани кумаки молиявии бебозгашти иловагӣ лоиҳа оид ба сохтмони майдонҳои қисман калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Калъаи Хумб-Ванҷ ва татбиқи лоиҳаҳои дигари басозишрасидаро пешниҳод кардааст.
Дар ҷаласаи Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт», ки аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин маблағгузорӣ мегардад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2021 омода карда шуд.
Лоиҳаи қарори мазкур тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 тасдиқ шудааст, мавриди экспертизаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ қарор гирифта, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда нашудаанд. Бинобар ин лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд






