ДАР АФҒОНИСТОН ГУРУСНАГИСТ. Толибон озуқаро бар ивази қувваи корӣ пешниҳод мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар» /. Ба 23 миллион нафар аҳолии Афғонистон беҳолӣ ва гуруснагӣ таҳдид мекунад, гуфта мешавад дар пажуҳиши Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии тобеи СММ.
«Агар тадбирҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, моҳи ноябр ба Афғонистон гуруснагии азим таҳдид мекунад, беш аз нисфи аҳолии кишвар, қариб 23 миллион нафар норасоии шадиди маводи озуқаро эҳсос хоҳанд кард. Ин рекорди нави ҳузнангез барои кишварест, ки ҳоло яке аз бадтарин буҳронҳои башардӯстона дар ҷаҳонро аз сар мегузаронад», — хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи СММ.
Муаллифони тадқиқот дар хулосаҳои худ якчанд омилҳоро ба назар гирифтаанд: хушксолӣ, низоъ, пандемия ва буҳрони иқтисодӣ.
«Дар пеш- зимистони сард аст, ки бинобар он баъзе минтақаҳои Афғонистон барои созмонҳои башардӯстона дастнорас хоҳанд шуд. Ҳар нафари дуюми афғон дар вазъияте хоҳад монд, ки тибқи таснифи СММ, метавонад онро ҳамчун буҳрони дараҷаи сеюм ва ҳатто чаҳоруми хатар муайян кард. Барои таъмини маводи озуқа ва ҳифзи зиндагии мардум дахолати фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст, вагарна Афғонистон ба фалокати башарӣ дучор хоҳад шуд», — омадааст дар паём.
Бар асоси гузориши СММ, шумораи афроде, ки дар Афғонистон ба камбуди шадиди озуқа гирифтор шудаанд, нисбат ба баҳодиҳии охирини моҳи апрел гузаронидашуда 37 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар гурӯҳи махсуси хатар 3,2 миллион кӯдаки то синни панҷсола қарор доранд. Барномаи ҷаҳонии озуқа ва ЮНИСЕФ аввалҳои моҳи октябр ҳушдор дода буданд, ки ба як миллион кӯдак марг аз гуруснагӣ таҳдид мекунад.
Агар дар гузашта асосан сокинони деҳот зарар медиданд, имрӯз мардуми шаҳр низ дар ҳолати ногувор қарор доранд. Гузашта аз ин, бекории азим эҳтимол дорад, ки табақаи миёнаро фақир гардонад ва гуруснагиро боз ҳам пуршиддат кунад. 7,3 миллион нафар сокинони деҳот, ки бо зироаткорӣ ва чорводорӣ зиндагӣ мекунанд, соли чорум аст, ки аз хушксолӣ азоб мекашанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати «Толибон»* барномаи зидди гуруснагӣ оғоз намуд, ки ба ҳазорон нафар озуқа бар ивази қувваи корӣ пешниҳод мекунад. Дар ин бора 25 октябр хабаргузории Evronews иттилоъ дод. Чунин система дар шаҳрҳои калони мамлакат ҷорӣ карда шуда, танҳо дар пойтахт- Кобул 40 ҳазор кас бо кор таъмин карда мешавад.
Афғонистон аз камбизоатӣ, хушксолӣ, нарасидани неруи барқ азият мекашад, низоми иқтисодии кишвар амалан вайрон шудааст, вале дар пеш зимистони сахт истодааст. Абдулраҳмон Рашид, иҷрокунандаи вазифаи вазири кишоварзӣ мегӯяд:
«Сабабҳои камбизоатӣ ва гуруснагӣ бисёранд. Якум ин — Ковид-19, ки ба тамоми ҷаҳон таъсир мерасонад. Дуюм-хушксолӣ дар Афғонистон ва минтақа аст. Сабаби саввум, қатъи кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон ва ях бастани сармояву пули ин кишвар аз сӯи бонкҳои байналмилалӣ мебошад».
_______________________
* «Толибон» — созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст
АКС: pixnio.com








САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд






