Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Октябрь 23, 2021 11:18

ДУШАНБЕ 23.10. 2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии  озмуни мазкур дар ду минтақаи вилояти Хатлон: Бохтар ва Кӯлоб доир шуда, он то 27 октябр идома меёбад. Баргузории озмун дар шаҳри Кӯлоб 25 октябр  муайян шудааст, хабар  доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар оғози озмун иштирокчиёнро барои ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанашон табрик намуда, зикр кард, ки  иқдоми   наҷиби Сарвари давлат – баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омили   болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои мухталифи  ҷомеа  гардидааст».

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зикр намуд, ки китоб воситаи муҳимтарини ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзӯри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад.

-Рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат дониста мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат иброз доштанд: «Мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ», — афзуд Давлат Сафарзода.

Мавсуф таъқид намуд, ки бояд дар озмун шаффофият таъмин гардида, танҳо беҳтаринҳо ба даври ҷумаҳуриявии озмун роҳ ёбанд.

 Аксҳо аз  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 23, 2021 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд