Дар Бонки миллӣ роҳҳои татбиқи Лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Тоҷикистон бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мегарданд, ки барои беҳтар намудани фаъолияти соҳаи нақлиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ, обтаъминкунӣ, энергетика, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва сайёҳӣ равона гардидаанд,-чунин иброз дошт муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода зимни мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди рақамӣ ва роҳбари лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» Хуан Навас-Сабатер, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, Моҳбону Накҳатзода аз ҳамкории самарабахши БМТ ва Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ карда, меҳмононро бо вазъи ҷории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд. Дар мулоқот роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон», ки яке аз ҳадафҳои он рақамикунонии низоми бонкӣ мебошад, баррасӣ гардид.
Хуан Навас-Сабатер зикр намуд, ки ҳадафи сафари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон мувофиқа ва коркарди усулҳои самараноки татбиқи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» мебошад. Амалисозии лоиҳаи мазкур ба рушди сиёсати рақамӣ ва устувории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» дар сатҳи давлатӣ амалӣ гардида, тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоиро дар бар мегирад ва ҳадафаш баланд бардоштани самаранокии фаъолият мебошад. Низоми бонкӣ низ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими сохтори давлатӣ ба раванди татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» ҷалб гардида, дар марҳилаи кунунӣ татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ҳамчун ҷанбаи асосии таъмини самаранокии лоиҳа саҳм мегузорад.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои густариши равобити дуҷониба дар бахши технологияҳои нав ва дурнамои ҳамкорӣ матраҳ гардиданд.
Акс аз БМТ








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






