Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба иди Меҳргон ҳамоиши идона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба иди Меҳргон ҳамоиши идона баргузор гардид. Садорати факултети “Аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ”-и донишгоҳ анвои мухталифи меваю сабзавот, консерваю оби мева ва таҷҳизоти кишоварзиро ба тамошо гузошта, аз ҷониби департаменти илм ва татбиқот намоиши китобу дастурамалҳои методӣ оид ба бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ муаррифӣ гардид, хабар дод ба АМИТ “Ховар” сардори бахши гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ Муҳаммад Шораҳимзода.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён ҳозиринро бо фарорасии иди Меҳргон табрик намуда, зикр кард, ки ин иди бостонии мардуми тоҷик дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии халқи тоҷик қарор дошта, аз замони таърих сарчашма мегирад. Дар замони Истиқлолият ҷашни Меҳргон эҳё гардида, таҷлили он тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шуд. Бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот, таҳияи китобҳои соҳавӣ ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.
Таҷлили расмии иди Меҳргон далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардаву эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии Данғара китобҳои соҳавӣ бо номҳои “Иқтисодиёти деҳот” ва “Иқтисодиёти оила” аз чоп баромаданд, ки дар онҳо масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб шуда, истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва гирифтани ду ё се ҳосил бо истифода аз агротехнологияҳои навин бар уҳдаи масъулини дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст. Бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ оид ба рушди соҳаи аграрӣ бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Данғара миёни олимону мутахассисон семинару конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва саҳроӣ давоми сол баргузор шуданд.
Аксҳо аз Донишгоҳи давлатии Данғара








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






