Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба иди Меҳргон ҳамоиши идона баргузор гардид

Октябрь 18, 2021 14:54

ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии Данғара    бахшида ба иди Меҳргон ҳамоиши идона баргузор гардид.  Садорати факултети “Аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ”-и донишгоҳ  анвои мухталифи меваю сабзавот, консерваю оби мева ва таҷҳизоти кишоварзиро ба тамошо   гузошта, аз ҷониби департаменти илм ва татбиқот намоиши китобу дастурамалҳои методӣ оид ба бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ   муаррифӣ гардид,  хабар дод ба АМИТ “Ховар” сардори бахши  гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ Муҳаммад Шораҳимзода.   

Ректори  Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён   ҳозиринро бо фарорасии иди Меҳргон табрик намуда, зикр кард, ки ин иди бостонии мардуми тоҷик дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии халқи тоҷик  қарор дошта, аз замони таърих сарчашма мегирад. Дар замони Истиқлолият ҷашни Меҳргон эҳё гардида, таҷлили он тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шуд. Бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот, таҳияи китобҳои соҳавӣ ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.

Таҷлили расмии иди Меҳргон далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардаву эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад аз ҷониби  устодони Донишгоҳи давлатии Данғара китобҳои соҳавӣ бо номҳои “Иқтисодиёти деҳот” ва “Иқтисодиёти оила” аз чоп баромаданд, ки дар онҳо масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб шуда, истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва гирифтани ду ё се ҳосил бо истифода аз агротехнологияҳои навин  бар уҳдаи масъулини дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст. Бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ оид ба рушди соҳаи аграрӣ бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Данғара миёни олимону мутахассисон  семинару конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва саҳроӣ давоми сол баргузор  шуданд.

                                                                      Аксҳо аз Донишгоҳи давлатии Данғара

Октябрь 18, 2021 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Дар Рӯзи Президент Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» расман ифтитоҳ гардид
Музаффар Ашӯриён: Рӯзи Президент — рӯзи иқболи мардуми Тоҷикистон аст
Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ шахсияти сулҳофару сулҳпарвар ва сарҷамъкунандаи миллат эътироф намудаанд
Дар Хоруғ бо мақсади захира барои зимистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Пагоҳ ба шарафи Рӯзи Президент намоиш-фурӯши китобҳо доир мешавад
Бахшида ба Рӯзи Президент маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии физика дар Узбекистон соҳиби ҷойи сеюм шуданд
«30-солагии ИДМ: таҷриба ва навоварӣ». Таҳти чунин унвон дар Қасри Таврический ҷаласаи пленарӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон даври интихобии Озмуни телевизионии «The Central Asia’s Got Talent» оғоз шуд
САМБО. Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Табрезшоҳ Парпишоев соҳиби медалҳои чемпионати ҷаҳон шуданд