Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад

Октябрь 8, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири саноат ва технологияи Туркия (ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ) Мустафа Варанк баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъалаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки 11-13 октябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки миёни кишварҳо иқтидори зиёд дар рушди ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми табодули тиҷоратӣ мавҷуд мебошад ва бинобар ин ташаббусҳои бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳаматарафа ҷонибдорӣ шавад.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мулоқоти муфид барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур сурат гирифт.

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 8, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд