ҲАВОИ ПОЙТАХТРО ТОЗА НИГОҲ ДОРЕД! Дар Душанбе дар самти ҳифзи муҳити зист беш аз 1400 қонунвайронкунӣ ошкор шуд

Октябрь 8, 2021 10:01

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе давоми нуҳ моҳи сипаришуда дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт  беш аз  1400 қонунвайронкуниро дар самти ҳифзи муҳити зист ошкор намуда, аз рӯи онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дод,   иттилоъ доданд аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Раёсатҳои мазкур  давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳавои атмосфера ва бо роҳандозӣ намудани санҷишҳои фаврӣ якчанд қонуншиканиҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист пешгирӣ намуданд. Санҷишҳо асосан дар нуқтаҳои даромадгоҳи чор самти шаҳри Душанбе ва кӯчаву хиёбонҳои протоколӣ гузаронида шуданд.

Аснои гузаронидани санҷишҳо маълум гардид, ки ронандагон ва масъулини иншооти сохтмонӣ ба қоидаҳои тозагии саллачархҳои воситаҳои нақлиёт, ки ҳангоми ҳамлу нақли боркашонӣ сабаби ифлос гардидани кӯчаҳо мегарданд, аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Ҳамин беэътиноӣ боис гардид, ки дар ин давра барои ифлос кардани роҳҳо 14 санад ва барои 318 ҳолати бе болопӯш кашонидани борҳои пошхӯранда санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт, ки заҳрнокии партови сӯзишвории нақлиёташон (СО2) аз меъёр зиёд аст, нисбат ба 1102 ронанда санад тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.

Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои фаврӣ барои тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, махсусан соҳили дарёҳо нисбат ба 77 нафар санад тартиб дода шуд.

  

АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 8, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид