Дар Душанбе Фестивали IV филмҳои фаронсавӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 24.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 5 ноябр Фестивали чаҳоруми филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе доир мегардад. Дар он филмҳои бадеӣ, мустанад, аниматсионӣ, мазҳакавӣ ва драмавии муосир бо субтитрҳои русӣ ба забони фаронсавӣ намоиш дода шуда, тамошои филмҳо ройгон аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази фарҳангии «Бохтар» иттилоъ доданд.
Созмондиҳандагони фестивал Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии «Бохтар» мебошанд.
Фестивали филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе 1 ноябр бо филми «Comme un Lion» («Мисли шер») , ки 1 соату 42 дақиқаро дарбар мегирад, оғоз мегардад. Филм ба ҳаёти писарчаи 15-сола бо номи Митри бахшида шудааст
Ӯ дар деҳаи Сенегал зиндагӣ мекунад. Мисли ҳама ҷавонони ҳамсолаш орзуи дар дастаҳои футболи «Барса» ва «Челси» бозӣ кардан дорад. Аммо барои қабул шудан ба богоҳҳои бузурги Аврупо маблағ пардохт кардан лозим. Барои ба ӯ кумак намудан волидайнаш мехоҳанд саҳм гузоранд ва қарздор мешаванд. Митри бе ягон танга мемонад ва аз шарм ба деҳаашон баргаштанро тасаввур кардан намехоҳад. Ҳамин тавр саргардониҳои ӯ оғоз меёбанд. Орзуи деринаи ӯ дар бораи футбол дар як вохӯрии ғайричашмдошт дубора эҳё мешавад.
Сешанбе, 2 ноябр филми «Felicitа» («Хушбахтӣ»)- и Бруно Мерле ба намоиш гузошта мешавад. Филм дар бораи як оилаи ғайримуқаррарист. Ҳамсарон бо Томми, як духтари навраси саркаш зиндагӣ мекунанд…
Дар намоишҳои минбаъда фестивал шуморо ба тамошои дигар филмҳои бадеӣ, чун «Les Contes de la Nuit» («Афсонаҳои шабона») филми тасвирии шоиронае аз устоди аниматсия Мишел Осело, «A la recherche des femmes chefs» («Дар ҷустуҷӯи занони ошпаз»), филми «Jusquа la garde» («Ҳимояи фарзанд»), драмаи муосире, ки бо асрори муносибатҳои як оилаи фаронсавӣ ошно месозад, даъват менамояд.
Бояд гуфт, ки имсол пахши филмҳо бори аввал дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ сурат мегирад.
АКС: Маркази фарҳангии «Бохтар»








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






