Дар Душанбе маркази савдою хизматрасонии «Истиқбол» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе толори мебели «Истиқбол» ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти мазкур дар заминаи дастгирии бахши хусусӣ бо ташаббуси сармоягузорон аз Ҷумҳурии Туркия ва саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи маркази муосири хизматрасонӣ, ки дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ мавқеъ дорад, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, намояндаи ширкати мебелбарории «Истиқбол» аз Ҷумҳурии Туркия ва соҳибкорони ватанӣ, ки ин марказро ташкил намудаанд, ширкат варзиданд.
Таъкид гардид, ки давоми 2 соли охир танҳо дар ин кӯчаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиёда аз 10 иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аксаран бо саҳми соҳибкорон ба фаъолият оғоз намудаанд.
Фаъолияти чунин марказҳои савдою хизматрасонӣ имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандон мебели хушсифатро барои корхонаву идораи худ дастрас намоянд. Дар заминаи сиёсати дурбинонаи роҳбарияти олии мамлакат ва дастгирии шаҳрдории Душанбе фаъолияти соҳибкорӣ дар пойтахт беҳтар гардида, соҳибкорон дар бахшҳои гуногун ташкили чунин марказҳои савдою хизматрасониро роҳандозӣ менамоянд.
Ёдовар бояд шуд, ки ширкати овозадори «Истиқбол» калонтарин корхонаи мебелбарорӣ дар Ҷумҳурии Туркия ба ҳисоб рафта, дар аксар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон намояндагии худро ташкил намудааст.
Акс аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






