Дар Душанбе Намоиш-озмуни байналмилалӣ ва Форуми меъморони Тоҷикистон оғоз гардид

Октябрь 8, 2021 13:14

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар соли 2021 Намоиш-озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Намоиш-озмуни байналмилалӣ.

Дар кори намоиш-озмун ва форум мутахассисони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарон ва кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, собиқадорони соҳа ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода аз талошҳои софдилонаи меъморони кишвар сухан намуда, иброз дошт, ки бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор иншоот, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои тиббӣ, таълимӣ, хизматрасонӣ, маданиву маишӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ба истифода дода шуданд, ки ин ҳама саҳми арзанда дар рушди иқтидори иқтисодии кишвар ва ободии ватан мебошад.

Ба гуфтаи Раиси кумита, “мо бояд раванди созандагиву бунёкориро минбаъд низ ҳадафи асосии худ қарор дода, истифодаи самараноки ҳамаи воситаҳову захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имконияти воқеии кишварамон таъмин намоем”.

Форуми мазкур ду рӯз идома ёфта, дар рӯзи аввали баргузории он дар толори Театри давлатии опера ва балет намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявии «Беҳтарин асарҳои меъморӣ» ва намоиш-озмуни XXIX «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир гардид.

Пагоҳ, дар рӯзи дуюми форум тибқи муқаррароти баргузории намоиш-озмуни XXIX байналхалқӣ: «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявӣ- «Беҳтарин асарҳои меъморӣ» ба беҳтарин асарҳои меъмории пешниҳодгардида ҷоизаҳо эъто мешаванд.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 8, 2021 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид