Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» доир мегардад

Октябрь 11, 2021 14:04

ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 октябр дар Маҷмааи варзишии «Манеж» дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» доир  мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.

Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналхалқии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2021» аз ҷониби Палатаи савдо ва саноат гузаронида мешавад.

Дар он истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷӣ маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.

Сокинон ва меҳмонон метавонанд аз намоишгоҳ дидан карда, маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи саноати сабук ва косибиро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» одатан намояндагони ташкилоту корхонаҳо аз Русия, Беларус, Узбекистон, Чин, Покистон, Афғонистон, Кореяи ҷанубӣ, Индонезия иштирок менамуданд. Аммо соли равон бинобар паҳн гардидани бемории COVID-19  шумораи иштирокчиён аз манотиқи кишварҳои болозикр тасдиқ нагардидааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 11, 2021 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд