Дар Душанбе оид ба рушди забони тоҷикӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд

Октябрь 5, 2021 09:57

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 4 октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Сӣ соли Истиқлолият ва рушди забони тоҷикӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти донишкада.

Дар конференсия ректори донишкада, профессор Ҷило Гулназарзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Саодатшо Матробиён ширкат намуданд.

Ҷило Гулназарзода дар робита ба Рӯзи забони давлатӣ изҳор дошт, ки «мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар кишвари мо сиёсати забон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ дошта, заминаҳои бунёдии он- нумӯ ёфтани ифтихори миллӣ, кашфи роҳу василаҳои амалӣ кардани тадбирҳо доир ба таҳкими пояҳои иҷтимоии давлат ва рушди забон дурандешона ва хирадмандона тарҳрезӣ гардидаанд. Забони модарӣ оинаи таърих ва давлатдорӣ, беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат, омили муҳими иттиҳод аст. Умри миллатро ба умри забон вобаста медонанд, аз ин рӯ мо мекӯшем, ки дар дилу дидаи наврасону ҷавонон ҷо гирифтани ҳисси ҳифз ва эҳтироми самимӣ ба забони модарӣ ҷовидона ва абадӣ бошад, яъне ин забон аз насл ба насл поку беолоиш ва бегазанд ба мерос гузарад».

Профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар бораи хизматҳои бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки «асари бағоят мондагору муҳим ва бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба ифтихори 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида, баёнгари таърихи пуршараф ва ҳашамати нотакрор, мақом ва манзалати бузурги илмию фарҳангии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва нишонаи асосии миллат будани он аст, инқилоби фикриест дар ин соҳа. Мояи ифтихору сарбаландии мо, тоҷикон аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахсан пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд. Ва забонро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат ҳамчун муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд, ки ин, пеш аз ҳама, барои мо равшанфикрону аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ намунаи пайравист».

Дотсент Саодатшо Матробиён зикр намуд, ки «забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд карда, имрӯз дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ садо медиҳад, ки мояи ифтихори мо, тоҷикон аст. Аз ин рӯ, бо дили пур метавон гуфт, ки забони давлатӣ дар ҷомеаи мо пуштибону ғамхори худро дорад ва он асрҳои дароз пояндаву ҷовидон боқӣ мемонад».

Дар хатми ҳамоиш аз ҷониби донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик пораҳо аз китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» — и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ва шеърҳо дар бораи забони модарӣ пешниҳод шуданд.

 

АКСҲО: ДДЗТ

Октябрь 5, 2021 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд
Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид