Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар дар давраи баъд аз COVID – 19» конференсияи миллӣ доир гардид

Октябрь 14, 2021 13:14

ДУШАНБЕ, 14.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. ​13 октябр  дар Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи миллӣ дар мавзӯи «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар дар давраи баъд аз COVID – 19» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Конференсияи маркур аз қисматҳои ифтитоҳӣ, пленарӣ, музокирот, қисмати саволу ҷавоб ва қабули тавсияҳо иборат буд. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин, воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок доштанд.

​Конференсияро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода  оғоз намуда, зикр  кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба роҳ монда шуда, вазорат онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф намудааст.

Вазир таъкид намуд, ки солҳои охир робита бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳангу таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфтааст.

“Айни замон, 112 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Қирғизистон, 1 диаспора ва 10 маркази фарҳангӣ дар Қазоқистон фаъолият доранд ва бовар дорем, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқи ҳамватанонамон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор саҳми муносиб мегиранд. Бахусус, дар шароити пандемияи COVID-19 дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ҷиҳати расонидани кумакҳои моддӣ ба ҳамватанон якдилона мусоидат намудаанд, ки он ҳамчун намунаи муташаккили сохтори диаспоралӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон эътироф гардидааст”, -афзуд Ширин Амонзода.

Дар идомаи кори конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва диаспораву ҳамватанони бурунмарзӣ доир ба имкониятҳои васеъ барои ҷалби сармоя ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисод, саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, хизматрасонии иҷтимоӣ, таълимӣ, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо ба ин самт  марбут  маърӯза карданд. Аз ҷумла, роҳбарони ҷамъияти “Ҳамватанон”-и шаҳри Иркутск, Ташкилоти миллӣ- мадании шаҳри Оренбург, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дидор”-и Свердловск, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Тоҷикони Шарқи Дур” ва дигар роҳбарони диаспораҳо аз манотиқи мухталифи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори назар  намуда,   иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ҷонибдорӣ карданд ва таъкид карданд, ки барои рушди кишвар дар давраи баъд аз пандемияи COVID-19 саҳмгузории амиқ менамоянд.

​​ ​​Дар фарҷоми Конфронси миллӣ аз ҷониби иштирокдорон доир ба рушди минбаъдаи соҳаи муҳоҷират ва ҳамкорӣ дар ин самт тавсияҳо қабул карда шуданд.

Октябрь 14, 2021 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ