Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар дар давраи баъд аз COVID – 19» конференсияи миллӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи миллӣ дар мавзӯи «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар дар давраи баъд аз COVID – 19» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Конференсияи маркур аз қисматҳои ифтитоҳӣ, пленарӣ, музокирот, қисмати саволу ҷавоб ва қабули тавсияҳо иборат буд. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин, воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок доштанд.
Конференсияро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода оғоз намуда, зикр кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба роҳ монда шуда, вазорат онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф намудааст.
Вазир таъкид намуд, ки солҳои охир робита бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳангу таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфтааст.
“Айни замон, 112 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Қирғизистон, 1 диаспора ва 10 маркази фарҳангӣ дар Қазоқистон фаъолият доранд ва бовар дорем, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқи ҳамватанонамон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор саҳми муносиб мегиранд. Бахусус, дар шароити пандемияи COVID-19 дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ҷиҳати расонидани кумакҳои моддӣ ба ҳамватанон якдилона мусоидат намудаанд, ки он ҳамчун намунаи муташаккили сохтори диаспоралӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон эътироф гардидааст”, -афзуд Ширин Амонзода.
Дар идомаи кори конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва диаспораву ҳамватанони бурунмарзӣ доир ба имкониятҳои васеъ барои ҷалби сармоя ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисод, саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, хизматрасонии иҷтимоӣ, таълимӣ, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо ба ин самт марбут маърӯза карданд. Аз ҷумла, роҳбарони ҷамъияти “Ҳамватанон”-и шаҳри Иркутск, Ташкилоти миллӣ- мадании шаҳри Оренбург, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дидор”-и Свердловск, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Тоҷикони Шарқи Дур” ва дигар роҳбарони диаспораҳо аз манотиқи мухталифи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори назар намуда, иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ҷонибдорӣ карданд ва таъкид карданд, ки барои рушди кишвар дар давраи баъд аз пандемияи COVID-19 саҳмгузории амиқ менамоянд.
Дар фарҷоми Конфронси миллӣ аз ҷониби иштирокдорон доир ба рушди минбаъдаи соҳаи муҳоҷират ва ҳамкорӣ дар ин самт тавсияҳо қабул карда шуданд.








Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе Ҷаласаи 11-уми минтақавии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Амрико мунтазам афзоиш меёбад
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад
11 май Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ расман ифтитоҳ мегардад
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Словения густариш меёбанд






