Дар Душанбе зимни 30 амалиёти экологӣ соҳили дарёву каналҳо тоза карда шуданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зарфи нуҳ моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе қариб 30 амалиёти экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуда, дар ҷараёни он ҳудуди соҳили дарё ва каналҳо дар масофаи 20364,23 километр тоза карда шуда, дар ҳаҷми 721 метри мураббаъ партов ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Дар ин давра дар асоси маълумоти Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и шаҳри Душанбе аз дохили каналу селпартоҳои ноҳияҳои пойтахт ба таври механикӣ 18736,05 метри мураббаъ, ба таври дастӣ 1078,2 метри мураббаъ корҳои тозакунӣ ба анҷом расонида шуда, дар маҷмӯъ ба миқдори 29368,56 тонна лойқа ва партовҳо бароварда шуданд.
Зимни баргузории корҳои соҳилтозакунӣ дар дарёву каналҳо бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо вобаста ба риояи муқаррароти Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва талаботи қонунгузорӣ дар самти нигоҳдории муҳити зист, махсусан тоза нигоҳ доштани соҳили дарёву манбаъҳои обӣ, муносибати оқилона бо сарватҳои табиӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ суҳбату вохӯриҳои судманд гузарониа шуданд.
Акс аз манбаъҳои боз








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






