Дар гузаргоҳи Қулма бо иштироки гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи боркашонӣ баррасӣ шуд

Октябрь 14, 2021 11:42

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории байниидоравӣ, иборат аз намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат  аз гузаргоҳи сарҳадии Қулма, воқеъ дар марзи Тоҷикистон ва Чин  боздид намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти мамлакат.

Баъди боздид аз  гузаргоҳи сарҳадии Қулма таҳти раёсати муо­вини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саид­муродзода ҷаласа доир гардид, ки дар он масъалаи зиёд намудан ва тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Чин баррасӣ гардид. Муовини Вазири нақлиёт  иштирокдорони ҷаласаро бо вазъи кунунии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Чин ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ши­нос намуд. Мавсуф зикр кард, ки тибқи мактуби Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи мувофиқашуда аз ҷониби мақомоти назора­тии Тоҷикистон риоя ва контейнерҳои холӣ бо саба­би тамиз  нашуданашон аз ҷониби Чин бозпас гирифта на­мешаванд. Ҳамчунин мавҷуд набудани крани магнитӣ дар ҷониби Тоҷикистон масъалаи сари вақт ва босифат интиқол додани контейнерҳои бор­дорро мушкил гардонда, са­баби ҷамъ шудани воситаҳои нақлиёти зиёд бо борҳои мавриди ниё­зи мардум дар ҳудуди Чин гардидааст.

Дар ҷаласа масъулини дигар соҳаҳо изҳор доштанд, ки мақомоти назоратӣ дар сарҳад пайваста дар фаъоли­ят буда, гузаргоҳ аз ҷониби Тоҷикистон ба таври доимӣ кор мекунад. Иштирокдо­рон ҷиҳати ҳалли масъалаи мавҷуда пешниҳодҳои му­шаххас манзур намуданд. Дар ҷаласа қарор қабул шуд, ки тибқи он масъулин вазифадор гардиданд, ки роҳи ҳалли мушкилотро пайдо намоянд. Аз ҷумла, ҶСП «Тоҷиквнештранс» вазифадор гардид, ки имкони харидани крани магнитӣ ва васлу насби онро дар гузаргоҳи Қулма баррасӣ намуда, оид ба ҳалли ин масъала ба Вазорати нақлиёт пешниҳоди худро ироа созад.

Хадамоти гумруки наз­ди Ҳукумати ҷумҳурӣ  бояд фаъолияти мақомоти назоратиро дар сарҳад ҳамоҳанг созад ва бо мақсади эмин нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард ва ин­шооти он ҳангоми ба расми­ятдарории гумрукӣ меъёрҳои тасдиқгардидаи ҳаҷму андо­заро дар нақлиёти боркаш риоя намояд. Ҳамчунин бо мақсади дуруст ба роҳ мон­дани ҳисобу китоби оморӣ, аз нав барасмиятдарорӣ ва дигар амалиётро вобаста ба интиқоли бор дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Муассисаи давлати  «Нақлиёти автомобилӣ ва хизма­трасонии логистикӣ» анҷом диҳанд. Инчунин МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хиз­матрасонии логистикӣ» дар якҷоягӣ бо Хадамоти давлатии на­зорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт гузариши воситаҳои нақлиёти боркашро дар гузаргоҳ таъмин намуда, ра­ванди интиқолро зери на­зорати қатъӣ қарор дода, барои интиқоли таҷҳизот ва борҳои калонҳаҷму вазнин танҳо бо воситаҳои нақлиёти мувофиқ иҷозат диҳанд.

Вазорати нақлиёт усу­ли самараноки интиқолро аз гузаргоҳи Қулма коркард намуда, бо ҷониби Чин ҳамоҳанг ва ба интиқолдиҳандагон пешниҳод намояд. Ба Вазо­рати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳарчи зудтар ба роҳ мондани сохтмони бинои безараргардонии воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳоро дар гузаргоҳ таъмин намо­янд.

 Аксҳо аз Вазорати нақлиёти ҶТ ва манбаъҳои боз

Октябрь 14, 2021 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад