Дар Хоруғ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев.
Дар озмун муовини Раиси вилоят Назира Амирбекзода ба ҳайси раиси ҳайати ҳакамон иштирок намуд.
Ба иттилои узви ҳайати ҳакамон, профессор Назрӣ Офаридаев, дар даври вилоятии озмун зиёда аз 245 нафар иштирокчӣ, ҳаводорони сухани нобу каломи бадеъ, адибону нависандагони ҷавон, калонсолон, мактаббачагон, наврасону ҷавонон бо маҳорату ҳунари хуб аз рӯи номинаҳои адабиёти классикӣ, адабиёти ҷаҳон, адабиёти муосир ва эҷоди назму наср ширкат менамоянд.
Даври вилоятии озмуни то 23 октябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Китобхонаи вилоятӣ ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ сурат гирифта, ғолибони он бо мукофотпулию ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» давоми чанд соли охир аст, ки бо иқдоми хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати мардум, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ ва дарёфти истеъдодҳои тоза дар саросари кишвар ҷараён дорад.
АКСҲО аз ДДХ








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






