Дар Хоруғ теъдоди майдончаҳои варзишии муосир ва марказҳои дилхушии кӯдакон меафзояд

Октябрь 23, 2021 09:42

ХОРУҒ, 23.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди биноҳои чорошёнаи маҳаллаи Табобатхонаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдончаи замонавии варзишӣ ва дар шафати он  як майдончаи бозӣ барои кӯдакон низ  сохта ба истифода дода шуд, иттилоъ  медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

«Имрӯзҳо хурсандии  кӯдакон, наврасон ва ҷавонони биноҳои  маҳаллаи мазкур ҳадду канор надорад. Зеро онҳо соҳиби майдончаи замонавии варзишӣ гардиданд ва минбаъд имконият пайдо намуданд то рӯзҳои фориғ аз кор ва дарс дар ин майдонча  ба варзиш машғул шаванду тарзи ҳаёти солимро пеш баранд.

Волидони кӯдакону наврасон низ аз кушодашавии майдончаҳо хеле шоданд, зеро баъд аз ин  онҳо кӯдакони худро бо дили пур барои бозӣ ба ин майдонча меоранд», -шарҳ дод мухбир.

Дар маросими кушодашавии ин майдончаи варзишӣ раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки  мувофиқи нақша сохтмони чунин майдончаҳои варзишӣ минбаъд низ идома ёфта, ҳар як маҳаллаи шаҳр соҳиби чунин майдончаҳо хоҳад гашт. Ин майдонча бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмони онро Ҷамъияти дорои  масъулияти  маҳдуди «Инвестстрой» бо сифати баланд анҷом додааст. Ҳадафи ягонаи Ҳукумати кишвар аз бунёди чунин майдончаҳо ин ҷалби  наврасону ҷавонон ба варзиш ва оммавӣ намудани ин соҳа мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки  дар маҳаллаи Дашти болои шаҳр низ майдончаи варзишӣ ва Маркази дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт. Масоҳати ин майдончаи варзишӣ 37 метр ба дарозӣ ва 20 метр ба паҳноӣ буда, онро бинокорони  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амир-Ҳамза» бо сифати баланд бунёд намуданд.  Ҳамин тавр дар 12 маҳаллаи шаҳр чунин майдончаҳои муосири замонавӣ ва Маркази дилхушии кӯдакон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Октябрь 23, 2021 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд