Дар Хуҷанд Ярмаркаи байналмиллалии тиҷорат «Суғд-2021: Водии имконият» оғоз гардид
ХУҶАНД, 20.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 октябр дар шаҳри Хуҷанд 7-умин Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2021: Водии имконият» ба кори худ оғоз намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд аз макони баргузории ярмарка иттилоъ дод, дар ифтитоҳ ва кори он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Русия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Равшан Юлдошев, муовини ҳокими вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Ҳайдаров, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон Хуршедҷон Ахмедов, намояндагону роҳбарони ташкилоту идораҳои вилояти Суғд, беш аз 200 нафар тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорон аз Русия ва Узбекистон, зиёда аз 200 нафар соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок доранд.
Дар расми кушодашавии ярмарка Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, зикр дошт, ки «тайи чанд соли охир вилояти Суғд дар минтақа чун водии имконият шинохта шуда, ҳадафи баргузории он дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманди соҳибкорони вилояти Суғд бо намояндагони давлатҳои хориҷи дуру наздик ба ҳисоб меравад».
Зикр гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкории густурдаву пурсамар дорад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, маҳсулоти ин коргоҳҳо ба зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон содирот карда мешавад. Ҳамчунин вилояти Суғд бо минтақаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик 18 меморандум ва созишномаи ҳамкорӣ дошта, дар доираи ин ҳуҷҷатҳои имзошуда барои густариши робитаҳои иқтисодӣ гомҳои устувор гузошта мешавад.
Сипас, меҳмонону иштирокдорон дар раставу павилонҳои ташкилшуда бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзии вилот шинос гардиданд.
Дар доираи кори ярмарка дирӯз, 19 октябр дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и маркази вилоят Форуми «Имконияти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» баргузор гардид.
Имрӯз дар қисми дувуми чорабинӣ, пас аз нисфирӯзӣ ташкили гуфтушунидҳои дуҷониба байни шарикон-соҳибкорону тоҷирон ва муассисону роҳбарони корхонаҳо, масъулини мақомоти давлатии кишварҳои иштироккунанда, муҳокимаи панелии «Дурнамои рушди технологияи рақамӣ» дар назар дошта шуда, бегоҳии ҳамин рӯз маросими пӯшидашавии ярмаркаи байналмилалӣ доир мегардад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»













Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






