Дар Хуҷанд Ярмаркаи байналмиллалии тиҷорат «Суғд-2021: Водии имконият» оғоз гардид

Октябрь 20, 2021 15:30

ХУҶАНД, 20.10.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 20 октябр дар шаҳри Хуҷанд 7-умин Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2021: Водии имконият» ба кори худ оғоз намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд аз макони баргузории ярмарка иттилоъ дод, дар ифтитоҳ ва кори он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Русия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Равшан Юлдошев, муовини ҳокими вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Ҳайдаров, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон Хуршедҷон Ахмедов, намояндагону роҳбарони ташкилоту идораҳои вилояти Суғд, беш аз 200 нафар тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорон аз Русия ва Узбекистон, зиёда аз 200 нафар соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок доранд.

Дар расми кушодашавии ярмарка Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, зикр дошт, ки «тайи чанд соли охир вилояти Суғд дар минтақа чун водии имконият шинохта шуда, ҳадафи баргузории он дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманди соҳибкорони вилояти Суғд бо намояндагони давлатҳои хориҷи дуру наздик ба ҳисоб меравад».

Зикр гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкории густурдаву пурсамар дорад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, маҳсулоти ин коргоҳҳо ба зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон содирот карда мешавад. Ҳамчунин вилояти Суғд бо минтақаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик 18 меморандум ва созишномаи ҳамкорӣ дошта, дар доираи ин ҳуҷҷатҳои имзошуда барои густариши робитаҳои иқтисодӣ гомҳои устувор гузошта мешавад.

Сипас, меҳмонону иштирокдорон дар раставу павилонҳои ташкилшуда бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзии вилот шинос гардиданд.

Дар доираи кори ярмарка дирӯз, 19 октябр дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и маркази вилоят Форуми «Имконияти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» баргузор гардид.

Имрӯз дар қисми дувуми чорабинӣ, пас аз нисфирӯзӣ ташкили гуфтушунидҳои дуҷониба байни шарикон-соҳибкорону тоҷирон ва муассисону роҳбарони корхонаҳо, масъулини мақомоти давлатии кишварҳои иштироккунанда, муҳокимаи панелии «Дурнамои рушди технологияи рақамӣ» дар назар дошта шуда, бегоҳии ҳамин рӯз маросими пӯшидашавии ярмаркаи байналмилалӣ доир мегардад.

   АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст