Дар Исфара аз ҷониби соҳибкор кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара кӯдакистони замонавии «Сардорон» ба истифода дода шуд. Кӯдакистони мазкур дорои тамоми шароит буда, бо маблағи 2,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Парвиз Каримов бунёд гардидааст,-иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар».
Кӯдакистони «Сардорон» барои 120 нафар пешбинӣ шуда, барои равуои кӯдакон нақлиёти махсус ҷудо карда шудааст.
Зимни ба истифода додани кӯдакистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд, хусусан шаҳри Исфара иншооти зиёд сохта шудаанд.
Кӯдакистони хусусии мазкур низ аз ҷумлаи тадбирҳои ҷашнӣ буда, барои таълиму тарбияи насли наврас саҳми калон мегузорад.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






