Дар Исфара аз ҷониби соҳибкор кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода шуд

Октябрь 31, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 31.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара кӯдакистони замонавии «Сардорон» ба истифода дода шуд. Кӯдакистони мазкур дорои тамоми шароит буда, бо маблағи 2,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Парвиз Каримов бунёд гардидааст,-иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар».

Кӯдакистони «Сардорон»  барои 120 нафар пешбинӣ шуда, барои равуои  кӯдакон нақлиёти махсус ҷудо карда шудааст.

Зимни  ба истифода додани кӯдакистон Раиси вилояти Суғд   Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд, хусусан шаҳри Исфара  иншооти зиёд сохта шудаанд.

Кӯдакистони хусусии мазкур низ аз ҷумлаи тадбирҳои ҷашнӣ буда, барои таълиму тарбияи насли наврас саҳми калон мегузорад.

АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Октябрь 31, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш