Дар ноҳияи Кӯшониён бинои анбори маҳсулоти ғайриозуқа барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида ифтитоҳ ёфт

Октябрь 14, 2021 16:41

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 14 октябр дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва татбиқи Лоиҳаи «Таҳкими коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва вокунишҳо ба он» миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2016 ба имзо расида буд, дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи бинои анбори маҳсулоти ғайриозуқа барои аҳолие, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон бо Афғонистон дар сурати офатҳои табиӣ зарар мебинанд,  ифтитоҳ гардид, гузориш медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК.

Дар маросими ифтитоҳи анбори маҳсулоти ғайриозуқа дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон  Раиси Кумтаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Намояндаи доимӣ ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита, раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода, роҳбарон ва намояндагони якчанд намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар мамлакати мо аккредитатсия шудаанд, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Зикр карда шуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати вусъат додани ҳамкории дуҷониба  ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ, эҳтимол ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ диққати асосӣ медиҳад ва яке аз натиҷаҳои ин ҳамкорӣ сохтмони анбори махсуси ғайриозуқа  дар доираи лоиҳаи мазкур мебошад.

Раиси Кумтаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода аз ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ изҳори қаноатмандӣ ва сипос намуда, афзуд, ки ҳадафи мо аз бунёди анбори махсус- ин ташкили нигаҳдории захираҳои ғайрихӯрокворӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон барои истифода дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳангоми ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ мебошад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз бунёди чунин анборҳо- ин сари вақт дастрас намудани мавод барои аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ мебошад.

«Офатҳои табиӣ кӯшишҳои моро барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор заиф сохта, боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти бештар дар самтҳои гуногун мегарданд. Бо назардошти мавҷуд будани инфрасохтори мутараққӣ ва  технологияи пешрафтаи ҳозиразамон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад шуморида  шуд, ки барои нигаҳдории захираҳои ғайриозуқа дар анборҳо як анбор дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ва анбори дигар — дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шавад. Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми зарурат ба он сари вақт  ва ба таври фаврӣ эътино карда, раванди корҳои бартарафсозӣ ва расонидани кумакҳои мавриди  ниёзи аввал ба аҳолии зарардида ва гурезагон оғоз карда шавад. Бо дарназардошти пешгӯиҳо, ин захираҳо  талаботи кумакрасонӣ  барои 1000 нафар ё 150 оиларо фаро мегиранд, ки  60 фоизи онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд»,-афзуд Рустам Назарзода.

Ҳамзамон Намояндаи доимӣ ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта зикр кард, ки ин анбор ба хотири он сохта шудааст, ки ба зарардидагони офати табиӣ дар лаҳзаҳои зарурӣ  ёрии аввалин расонида шавад. Барномаи рушди СММ ҳамеша бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамкории зич дорад.

Дар идомаи суҳбат Пратибҳа Меҳта баён дошт, ки  «мо дар ҷараёни бунёд намудани чунин иншооти дигар дар шаҳри Хоруғ ҳастем, ки он ҳам ба аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар ҳолати сар задани ҳолати фавқулода ва инчунин офатҳои фаромарзӣ метавонад кумаки бевосита расонад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита иброз намуд, ки “ба ҳамагон маълум аст Ҷопон мамлакати ҷазираҳост ва аз ҷиҳати офатҳои табиӣ, аз ҷумла сунами, ярч, сел ва обхезӣ хеле осебпазир аст. Мардуми мо ба ин аллакай одат карда ва таҷриба ҳам намудаанд. Аз ин рӯ онҳо мехоҳанд ин таҷрибаҳои худро  зимни  кумак ва дастгирии аҳолии зарардидаи мамлакатҳои ҷаҳон истифода баранд. Дар оянда ҳамкории мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи  Рушди СММ боз ҳам тақвият меёбад”.

Мавриди зикр аст, ки бинои анбори маҳсулоти ғайриозуқа дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, маблағи умумии хароҷоти он 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар он 50 ҳазор номгӯй молу ашёи мавриди ниёзи аввал барои аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Ҳамзамон Раиси Кумтаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Такаюки Мияшитаро  барои ҳамкории мутақобилан судманд бо медал барои хизмат дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи гражданӣ  сарфароз гардонид.

 АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2021 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид