Дар ноҳияи Сино бо мақсади тарғиби ҳаёти солим майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Гипраземи ноҳияи Синои пойтахт майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур дар доираи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии рақами 53-и ноҳияи Сино аз ҷониби вакили ин ҳавза дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода ва ташаббуси шаҳрванд Нурзод Шарифзода бунёд гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Зимни кушодашавии майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ ва шаҳравандони ташаббускор ширкат намуданд.
Дар баробари майдончаи варзишӣ инчунин мавзеъ барои дилхушиву фароғати кӯдакон ва машқу тамрини онҳо низ бо фароҳамоварии шароити зарурӣ бунёд гардидааст. Сокинон бо қаноатмандӣ иброз намуданд, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳиби чунин майдончаи муосири варзишӣ гардиданд. Зеро дар гузашта сокинони маҳалла ба чунин иншоот эҳтиёҷ доштанд.
Аз сокинони биноҳои атрофи майдончаи варзишӣ даъват карда шуд, ки барои истифодаи самаранок ва дар ҳолати хуби коршоямӣ нигоҳ доштани он кӯшиш намоянд. Зеро майдончаи универсалии варзишӣ бояд ба онҳо солҳои зиёд хизмат намояд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои охир дар ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт чунин иншооти солимгардонӣ сохта шуда, дар онҳо шароити созгор барои машқу тамрини ҷавонону наврасон фароҳам гардидааст.
АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе









Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






