Дар нуҳ моҳи соли равон 9374 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шудааст

Октябрь 12, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон 9 ҳазору 374 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани ин ҳолатҳо 8 ҳазору 746 дастур ва нисбат ба 8 ҳазору 343 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 737 мавод ба прокуратура, 469 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуда, 6 ҳазору 990 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардид.

Дар ин бора дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли равон, ки 11 октябр дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, ибрози назар карда шуд.

Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Зикриё Абдуллозода оид ба фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти он дар маҳалҳо, муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 ҳисобот дода, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии он ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба истифодаи замин вобаста ба дурнамои кишти зироати кишоварзӣ, бунёди боғу токзори нав дар заминҳои лалмӣ, чарогоҳҳо, ки бо намии табиӣ таъмин мебошанд ва заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Зикр шуд, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, биноҳои маъмурии нави кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор Восеъ, Данғара, Деваштич ва А.Ҷомӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар баробари ин, давоми се соли охир биноҳои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯшон, Ҷ.Расулов, Муъминобод ва Ишкошим навсозӣ ва ба истифода супорида шуданд.

Айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб бинои маъмурии чорошёна бунёд шуда истодааст. Илова бар ин сохтмони биноҳои нави маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Роштқалъа, Ш.Шоҳин, Айнӣ, Варзоб ва Хуросон бомаром идома дорад.

АКС аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ

Октябрь 12, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад