Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ ба намоиш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоишгоҳ ифтитоҳ гардид, ки он то 1 декабр идома меёбад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.
Зимни ифтитоҳи намоиш сафоратхонаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе: Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Афғонистон, Ҷопон, роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доираи васеи олимону муаррихон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоиш иштирокчиёни Конференсияи байналмилалии «Санъати ороишӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки 8 кишвар: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озорбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистонро намояндагӣ мекарданд, ширкат доштанд.
Директори Осорхона Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки ёдгории дайри буддоии «Аҷинатеппа» яке аз ёдгориҳои машҳури фарҳанги буддоӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон буда, ҳафриёти он аҳамияти илмӣ дорад ва нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна мебошад, ки пурра таҳқиқи худро ёфтааст.
Фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин махзани ҳифзи осори ниёгони миллати тоҷик дар мамлакат буда, як ҷузъи онро бозёфтҳои марбут ба фарҳанги буддоӣ ташкил медиҳад. Дар намоиш аз фонди Осорхона коллексияи бутакҳо, ступа ва аксҳо аз маъмултарин ёдгориҳои меъмории буддоӣ ба тамошо гузошта шудаанд.
Олимони тоҷик зикр намуданд, ки паҳншавии фарҳанги буддоӣ ба сарзамини мо ба давраи ҳукмронии Кӯшониён, хусусан замони ҳукмронии шоҳ Канишка, ки дар асрҳои II мелодӣ ин империяи ориёиро идора менамуд, рост меояд. Дар қаламрави давлати мо ёдгориҳои зиёди фарҳанги буддоӣ, аз қабили «Дайри буддоии Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш, «Дайри буддоии Вранг» дар ноҳияи Ишкошим, «Хиштеппа» ва «Чепол»-и ноҳияи Ховалинг ва ғайраҳо боқӣ мондаанд, ки аз куҳанбунёд будани Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби маркази фарҳангии Свами Вивеканандаи Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Бояд гуфт, ки яке аз бозёфтҳои нодир аз ёдгории Аҷинатеппаи Тоҷикистон- ин муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвана ё Буддои хобрафта — (дар наздикии шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа), ки вайронаҳои бутхонаи Буддоӣ аст, асрҳои VI — VIII) мебошад. Муҷассама дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст. Ин бозёфти нодир соли 1966 аз ёдгории Аҷинатеппа пайдо шудааст. Дарозии муҷассама 12.92 метрро ташкил медиҳад, баландиаш 2.5 метр аст.

Бостоншиносон ва тармимгарон муҷассамаро ба 92 қисм ҷудо карда, ба Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон оварданд. Он солиёни зиёд дар анбори ин Пажӯҳишгоҳ нигоҳ дошта мешуд. Соли 2001 ба шарофати 10-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон муҷассамаро барқарор намуда, дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба намоиш гузоштанд. Феълан як нусхаи монанд ба ин муҷассама дар яке аз осорхонаҳои шаҳри Аичии Япония гузошта шудааст. Нусхаи дигар дар бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дайри буддоии Аҷинатеппа ва муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвана ба феҳристи Ёдгориҳои таъриху фарҳангии Тоҷикистон дохил карда шудаанд.
АКСҲО: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд






