Дар Тоҷикистон чор ширкати нави сайёҳӣ ба фаъолият оғоз намуданд

Октябрь 6, 2021 12:05

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Тоҷикистон чор ширкати нави сайёҳӣ -«Сайри якҷоя», «Маркази байналмилалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ», «Масъудиён» ва  «Хизматрасонии сайёҳӣ» вориди бозори сайёҳӣ гардида, муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ширкати «Интурист» тамдид гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо мақсади мусоидат ба роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар дар маҷмӯъ ба 234 ширкати сайёҳӣ иҷозатнома дода шудааст. Аз ин шумора 30 ширкати сайёҳӣ соли 2020 ва 24 ширкат имсол таъсис ёфтаанд.

Зимни супоридани иҷозатномаҳои фаъолияти сайёҳӣ ба ширкатҳои навтаъсис раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сайёҳиро ба масъалаҳои татбиқи босамари имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ гардидаанд, аз ҷумла дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими рушди сайёҳии дохилӣ, гуногунсозии таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои бойи сайёҳии мамлакат, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, таҳия ва нашри маводи нави иттилоотии тарғиботӣ ва муаррифии онҳо тавассути шабакаҳои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ ҷалб намуд.

Роҳбарони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ арзи сипос намуда, барои рақобати солим бо омодасозии барномаҳои ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон омодагии худро изҳор намуданд.

Дар заминаи имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шудааст, ки ин тадбирҳо ба рушди деҳот ва сайёҳӣ дар мамлакат таъсири мусбат мерасонанд.

Акс аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

Октябрь 6, 2021 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст