Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо масоили татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи сармоягузории давлатӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Жужанна Харгитай, Роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рика Ишии, мушовири директорони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия, Аврупои Ғарбӣ ва Қавқоз Евгений Офрихтер ва бонкдори пешбари кишварӣ Ҷамшед Раҳмонбердиев мулоқот намуд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот аз ҷониби Завқӣ Завқизода масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи сармоягузориҳои давлатӣ, ки аз ҷониби БАТР дастгирӣ мегарданд, самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба сохтмони НБО «Роғун», ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди кишвар ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири дорои арзиши баланди изофашуда, сохтмони марказҳои логистикӣ, татбиқи самараноки Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, таъмини кумаки техникӣ барои таҳияи нақшаи амали «иқтисоди сабз» ва ғайра пешниҳод гардиданд.
Ҷониби БАТР барои тақвият додани фаъолияти худ дар Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои «иқтисоди сабз», такмили идоракунӣ дар корхонаҳои давлатӣ тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, дастгирии бахши хусусӣ дар самти истеҳсоли қувваи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи неру, ташкили ҷойҳои корӣ, таҳкими иқтидори зеҳнии корхонаҳои бахши хусусӣ, инчунин дастгирии соҳаҳо ва самтҳои зимни мулоқот пешниҳодгардидаи сармоягузорӣ ва пешниҳоди кумаки техникии зарурӣ омодагӣ зоҳир намуд.
АКС аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо








Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»






