Ду спектакли театри Маяковский дар Фестивали байналмилалии театрии Русия намоиш дода мешаванд

Октябрь 25, 2021 09:33

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 23 октябр то 12 ноябри соли равон  дар дар шаҳрҳои Курган, Тюмен ва Ярослави Федератсияи Русия Фестивали байналмилалии театрии «Фестивали театрҳои русӣ» (Фестиваль русских театров)  баргузор мегардад. Дар фестивали мазкур ҳунармандони Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковскийи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори театри мазкур Мунира Дадаева.

Ҳунармандони Театри давлатии драмавии русӣ 27 октябр дар Фестивал спектаклҳои «Тартюф»-и Ж.Б.Молер ва «Шабе дар театр»-и А.П. Чехов-ро намоиш медиҳанд.

Театри давлатии драмавии русӣ дар фестивали мазкур ҳамасола дар доираи барномаи «Большие гастроли. Зарубежная программа» ширкат меварзад.

Дар назар аст, ки дар ин рӯзҳо суҳбати «мизи мудаввар» низ баргузор гардад.

АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ

Октябрь 25, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд