«Душанбе – Инвест-2021»- қадами устувор дар самти ҷалби сармоя ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба пойтахти фарҳангии Иттиҳод эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе- Инвест-2021» гузаронида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ барои рушди бахшҳои иқтисодии кишвар аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе – Инвест — 2021» мебошад.
Дар форум масъалаҳои марбут ба пайдо намудани имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот баррасӣ мегарданд.
Форуми «Душанбе-Инвест-2021» қадами устувор баҳри рушди иқтисодиёти кишвар ва заминаи мусоид барои соҳибкоронест, ки ба пайдо намудани саромоя ниёз доранд.
Акс аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






