Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳ ба зиёда аз 600 ҳазор мусофир хизмат расонид
ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба беш аз 600 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225 ҳазор нафар зиёд аст. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ доданд, дар ҳамин давраи соли гузашта фурудгоҳ ба 387 ҳазор нафар мусофир хизмат расонида буд.
Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолёфта дар ин давра беш аз 965 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152,6 фоиз ё 583,4 тонна зиёдтар аст. Ҳамзамон дар ин давра тавассути терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 46 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда шуд.
Дар масъалаи наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо аз ҷониби мусофирон 69 эрод ворид гардида, 67 эрод қонеъ гардонида шуд.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 14 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷи дур, 7 ширкати ҳавопаймоии давлатҳои ИДМ ва 2 ширкати ватанӣ –«Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» амалӣ карда мешаванд. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 13 шаҳри Русия, инчунин ба пойтахт ва шаҳрҳои калони Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Чин, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳо сурат мегиранд.
Акс аз АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






