ФУТБОЛ. «Равшан», «Кӯктош» ва «Истаравшан» дар бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд миёни ҳам рақобат карданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии марказии давр миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ғолиб муайян нашуд (0:0). Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ аз дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро Саидмухтор Азимов дар дақиқаи 62 ба нишон расонид.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид. Нимаи аввал бидуни гол анҷом ёфт. Далер Шомуродов дар дақиқаи 59 аз пеналтӣ ва Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 62 ду гол зада, ғалабаи дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро таъмин намуданд.
Дар бозӣ миёни дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ ба дарвозаи бонкчиҳо панҷ голи беҷавоб заданд ва аз ҷои охир дар ҷадвали мусобиқа як зина боло рафтанд. Насимҷон Маҳмадиев ва Азизбек Султонов дуголӣ заданд. Як голи дигарро Муҳиддин Одилов ба ҳадаф расонид.
Дастаи КМВА пирӯзиҳояшро идома дода, ин бор дар сафар бар дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Бозингари клуби артиш Абдухалил Боронов дар дақиқаи 38 ҳисобро кушод. Пас аз чор дақиқа восеъгиҳо тавассути зарбаи нишонраси Комрони Мирзохон ҳисобро баробар карданд. Артишиҳо тавассути Фирӯз Бобиев ва Люк Менҷана Леонел ду голи дигар зада, ғалабаи навбатии КМВА-ро таъмин намуданд.
Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 52 хол дорад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 36 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 21 | 16 | 4 | 1 | 57-7 | 52 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 21 | 13 | 3 | 5 | 43-21 | 42 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 22 | 10 | 6 | 6 | 33-26 | 36 |
| 4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 22 | 9 | 5 | 8 | 24-22 | 32 |
| 5 | «Хатлон»(Бохтар) | 22 | 8 | 5 | 9 | 23-27 | 29 |
| 6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 22 | 8 | 3 | 11 | 29-40 | 27 |
| 7 | «Равшан» (Кӯлоб) | 22 | 6 | 8 | 8 | 22-26 | 26 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 22 | 5 | 5 | 12 | 15-29 | 20 |
| 9 | «Кӯктош»(Рӯдакӣ) | 22 | 5 | 5 | 12 | 31-50 | 20 |
| 10 | «Душанбе» (Душанбе) | 22 | 4 | 6 | 12 | 21-50 | 18 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






