Гулнора Ҳасанзода: Шумораи аҳолии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2020 беш аз 9 миллиону 661 ҳазор нафарро ташкил дод

Октябрь 12, 2021 16:07

ДУШАНБЕ, 12.10.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи маълумоти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2020 9661,6 ҳазор нафарро ташкил дод. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил соли 2010 2097, 1 ҳазор нафар ё 27,7 фоиз ва нисбат ба маълумоти шумораи аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020  347,8 ҳазор нафар ё 3,7 фоиз зиёд шудааст. Чунин зикр намуд директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода имрӯз зимни баргузории ҳамоиш  бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, шарикони рушд дар мавзӯи «Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», ки дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҷумҳурӣ  барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида шуд. Агентии омори назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ин маъракаи ҷаҳонӣ «Барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020»-ро тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуда, аз рӯи он амал намуд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки барои гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ беш аз 27 ҳазор нафар кормандони муваққатӣ аз ҳисоби аҳолии соҳибмаълумоти бекор, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигарон ба ҳайси мудири шуъбаи барӯйхатгирӣ, дастурдиҳанда, назоратчӣ ва ҳисобчиён ҷалб карда шуданд. Барӯйхатгирии аҳолӣ    ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз-яъне пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз  сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот сурат гирифт.

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Кабирҷон Ҷуразода зикр намуд, ки барӯйхатгири аҳолӣ ва фонди манзил дар идоракунии давлатӣ нақши калидӣ дорад. Зеро тавассути маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил на танҳо оид ба шумораи аҳолии  мамлакат, инчунин  дар бораи суръати афзоиши аҳолӣ, таносуби гурӯҳҳои он  аз рӯи ҷинсият,  синну сол,  нишондиҳандаҳои таваллуду фавт, шуғл, сатҳи маълумот  ва ғайра ахбори  муфид ба даст меояд.

Ба гуфти Кабирҷон Ҷуразода, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат се маротиба ин маъракаи муҳими сиёсӣ доир гардид. Ҳукумати мамлакат ба ин масъалаи сиёсӣ таваҷҷуҳи бештар дорад.

Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки тибқи маълумоти ҷамъбастии натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020, аҳолии шаҳрак 2528,6 ҳазор нафар ё 26,2 фоиз ва аҳолии деҳот 7133 ҳазор нафар ё 73,8 фоизро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи умумии мардҳо 4901 ҳазор нафар ва занҳо 4760,6 ҳазор нафарро ташкил додааст. Мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбастии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил соли 2010 шумораи умумии мардҳо 3817 ҳазор нафар ва шумораи умумии занҳо 3747,5 ҳазор нафар буд.

Муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода зикр намуд, ки натиҷаҳои ниҳоии «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» давоми солҳои 2022-2024 дар 11 ҷилд:

— соли 2022 маълумот дар бораи шумораи ва ҷойгиршавии аҳолӣ, ҳайати синну солӣ, ҷинсӣ  ва ҳолатҳои ақди никоҳ, ҳайати миллӣ ва донистани забонҳо, шаҳрвандии аҳолӣ, сатҳи маълумотнокӣ,

— соли 2023 маълумот дар бораи шумора ва ҳайати хонаводаҳо, манбаъҳои воситаи зиндагӣ, машғулият ва намудҳои фаъолияти иқтисодии аҳолӣ, фонди манзил ва шароити манзилии аҳолӣ, давомнокии истиқомат дар ҷои истиқомати доимӣ,

— соли 2024 маълумот дар бораи таваллуд ва фавти аҳолӣ,  маъюбии  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбаст ва дастраси истифодабарандагон гардонида мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 12, 2021 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд
Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ истеҳсол мешавад
Дар корхонаҳои саноатии Бадахшон имсол ба маблағи қариб 40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст