Гумрукчиёни ИДМ дар Тошканд самтҳои кор оид ба пешгирии вайронкунии қонунро мувофиқа карданд

Октябрь 20, 2021 16:24

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати гумрукчиёни тоҷик таҳти роҳбарии  сардори Раёсати  ташкили  мубориза  бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳимзода дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар  шаҳри Тошканд доир гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа нақшаи татбиқи чорабиниҳои стратегии фаъолияти Кумита барои давраи то соли 2030  ва нақшаи кори маркази алоқаи минтақавӣ оид ба корҳои ҳифзи ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии гумрук барои кишварҳои ИДМ РИЛО-Москва барои соли 2022 тасдиқ гардиданд. Коршиносони Кумита  дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ  масъалаҳои марбут ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ  дар соҳаи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, такмили мубодилаи иттилоот дар бораи ҷиноятҳои ошкоршуда, таҳияи равишҳо ҷиҳати ташкили фаъолияти муштарак оид ба пешгирии интиқоли маводи мухаддир ва психотропӣ  тавассути долонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Яке аз мавзӯҳои муҳиме, ки ба рӯзномаи кори кумита ворид шудааст, ин  хусусияти тафтиши парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо назардошти тағйирот дар қонунгузории маъмурӣ, ҷиноӣ ва ҷиноӣ -мурофиавии кишварҳои узви ИДМ мебошад.

Иштирокчиён самтҳои кори минбаъда оид ба ошкор ва пешгирии вайронкунии қонунгузории гумрукро муайян ва мувофиқа карданд. Гумрукчиён инчунин доир ба омӯзиши кинологҳо ва сагҳои хидматӣ  ва натиҷаи кори воҳидҳои кинологӣ табодули таҷриба намуданд.

 Аксҳо аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 20, 2021 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд