Гумрукчиёни ИДМ дар Тошканд самтҳои кор оид ба пешгирии вайронкунии қонунро мувофиқа карданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати гумрукчиёни тоҷик таҳти роҳбарии сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳимзода дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Тошканд доир гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа нақшаи татбиқи чорабиниҳои стратегии фаъолияти Кумита барои давраи то соли 2030 ва нақшаи кори маркази алоқаи минтақавӣ оид ба корҳои ҳифзи ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии гумрук барои кишварҳои ИДМ РИЛО-Москва барои соли 2022 тасдиқ гардиданд. Коршиносони Кумита дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ масъалаҳои марбут ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, такмили мубодилаи иттилоот дар бораи ҷиноятҳои ошкоршуда, таҳияи равишҳо ҷиҳати ташкили фаъолияти муштарак оид ба пешгирии интиқоли маводи мухаддир ва психотропӣ тавассути долонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Яке аз мавзӯҳои муҳиме, ки ба рӯзномаи кори кумита ворид шудааст, ин хусусияти тафтиши парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо назардошти тағйирот дар қонунгузории маъмурӣ, ҷиноӣ ва ҷиноӣ -мурофиавии кишварҳои узви ИДМ мебошад.
Иштирокчиён самтҳои кори минбаъда оид ба ошкор ва пешгирии вайронкунии қонунгузории гумрукро муайян ва мувофиқа карданд. Гумрукчиён инчунин доир ба омӯзиши кинологҳо ва сагҳои хидматӣ ва натиҷаи кори воҳидҳои кинологӣ табодули таҷриба намуданд.

Аксҳо аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ








Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд
Табодули мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тақвият меёбад
Дар Бишкек ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор гардид






